Савдои мамнӯи “хлопушка” дар Душанбе: боздошти ҷавонзану ноболиғон дар арафаи Соли нав

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Савдои мамнӯи “хлопушка” дар Душанбе: боздошти ҷавонзану ноболиғон дар арафаи Соли навДар Тоҷикистон10:21 06.12.2018Гирифтани линки кӯтоҳ 010

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, кормандони милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ, сокинони 16 ва 17-солаи кӯчаи А.Ғуломов ва ҷавонзани 33-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Манбаъ изҳор дошт, ки дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии зани боздоштшуда  19 ҳазору 250 дона маводи тарфгарии навъи  “хлопушка” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Международные авиа грузоперевозки

ВУД афзуд, ки феълан тафтиши ин ҳодиса давом дорад.

Ҳамасола дар арафаи иди Соли нав мақомоти Тоҷикистон аз боздошти даҳҳо нафар ба иттиҳоми харидуфурӯши маводи тарфгарӣ иттиллоъ медиҳанд.

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2008-ум инҷониб фурӯш, харид ва ворид кардани маводи тарфгарӣ ба қаламрави кишвар мамнӯъ шудааст.

Читайте также  Ҷазои ронандаи мусофирбари № 33 барои талаби роҳкиро аз кӯдаки 5-сола