Аз яке тилловориву доллар, аз дигаре телефону ҳазорҳо рубл: ошкоршавии силсиладуздӣ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Аз яке тилловориву доллар, аз дигаре телефону ҳазорҳо рубл: ошкоршавии силсиладуздӣ

Дар шаҳри Кӯлоб як қатор силсиладуздиҳо ошкор шуд. Милисаи шаҳр ба иттиҳоми дуздӣ ду ҷавони 22 ва 18-соларо боздошт карданд. Онҳо манзили чанд хонаводаро ғорат карда, аз яке тилловоруву маблағ ва аз дигаре телефону чанд ҳазор рубл рабудаанд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Кӯлоб як қатор силсиладуздӣ ошкор шуд.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 50-сола бо ариза муроҷиат намудааст, ки 24-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 200-доллари амрикоӣ, 750-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 36.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрвандон; марди 22-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 3 ва 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавони 18-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд”, – гуфта мешавд дар иттилои манбаъ.

Тафтишот муайян намудааст, ки худи онҳо 6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз он ҷо 29.500-сомонӣ, 1300-доллари амрикоӣ, 16.000-рубли русӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галакси 3”, ҷамъ ба маблағи 44.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Читайте также  Раиси тозатаъини шаҳри Гулистон бо донишҷуён суҳбат карду кӯмакпулӣ дод