Баргузории ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират дар Тоҷикистон

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Баргузории ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират дар Тоҷикистон

Ҷашнвора савуми ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) – Оҷонсии СММ доир ба муҳоҷират дар бештар аз сад кишвари ҷаҳон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.  Ҷашнвора дар Тоҷикистон 6-уми декабри соли равон  бо намоиши филми “Дар як қаиқ”, ки чеҳраҳои инсонии буҳрони муҳоҷирон дар Баҳри Миёназаминро нишон медиҳад, оғоз гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти СБМ Тоҷикистон.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки намоиши филмҳои дигари ҷашнвора дар Тоҷикистон дар оғози соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Замон ва макони намоишҳои соли 2019 дар саҳифаи Созмони байналмилалии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Фейсбук  эълон хоҳад шуд.

Международные авиа грузоперевозки

Имсол, дар фестивал филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатие, ки чолишҳо ва имкониятҳои муҳоҷират ва ҳамчунин, саҳми беназири муҳоҷирон ба ҷомеаҳои навашонро тасвир мекунанд, ба намоиш гузошта мешаванд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳадафи фестивал баррасии фаъолонатари яке аз падидаҳои бузургтарини замони мо мебошад.

“Барои Тоҷикистон низ муҳоҷират мавзӯъи нав нест, чунки дар ин ҷо мушкил аст касеро дарёфт, ки зиндагияш ба шакле зери таъсири муҳоҷират қарор нагирифта бошад. Ба андешаи мо, филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират ба мардум ёрӣ медиҳад, то доир ба ин падида тасаввуроти рӯшантар пайдо кунанд”, таъкид намудааст Кристина Ҷорҷ Транка, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки, дар соли 2016, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират, Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷиратро роҳандозӣ кард.

Ҷашнвора ба Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир, ки ҳамасола 18-уми декабр қайд мешавад, бахшида шудааст.

Филмҳое, ки дар ҷашнвора намоиш дода мешаванд, метавонанд ба ҳайси василаи омӯзишӣ истифода шаванд, чунки онҳо ба дарк ва муносибат таъсир мегузоранд.

Читайте также  "Донишмандони тоҷик аз об шудани пиряхҳо дар Бадахшон нигаронанд"