Раиси навтаъини Конибодом корро аз интиқоди соҳаи кишоварзӣ сар кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раиси навтаъини Конибодом корро аз интиқоди соҳаи кишоварзӣ сар кард

Раиси шаҳр баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи кишоварзӣ ва дарёфти роҳҳои наву муосири пешбурди кор дастур дод.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва фаъолони шаҳр ҷаласаи нахустини корӣ доир намуд, хабар медиҳад ҳукумати шаҳр. 

Дар ин ҷаласа Давлатзода рушди соҳаи кишоварзии шаҳрро интиқод карда, роҳҳои ислоҳи онро гуфтааст.

Международные авиа грузоперевозки

Ӯ нахуст вобаста ба вазъи кунунии рушди соҳаҳои хоҷагии халқ аз муовинони соҳавӣ ва роҳбарони соҳа пурсиш ба амал овард, менависад манбаъ.

“Раиси шаҳр ба соҳаи кишоварзии шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои наву муосири пешбурди кор дастур дод. Бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва сардхонаҳо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва амсоли ин аз роҳҳои рушди соҳа ва беҳтар намудани вазъи зиндагонии аҳолӣ, таъмини талаботи сокинон ба маводи хӯрока тазаккур дода шуд”, – менависад манбаъ.

Ҳамчунин раиси навтаъин ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, сохтмони мактабу боғчаҳои нав, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳои фаннӣ супориш додааст.

Ёдрас мешавем, Зафарбек Давлатзода 12 декабр бо як фармони раисҷумҳур раиси шаҳри Конибодом таъин гардид.

Читайте также  Шарҳи расмии қатл ва буридану сӯзондани сари чӯпони муҳоҷир дар Русия