Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант тақдим кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант тақдим кард

Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, кулогарӣ грант тақдим кард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бино бар иттилои ҳукумати вилояти Суғд, 5 декабри соли равон дар Қасри Арбоб маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд ба занони ҳунарманд баргузор шуд.

Международные авиа грузоперевозки

Тибқи иттилои манбаъ, раиси вилоят ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант тақдим карда шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки  ба комиссияи грантҳои Раиси вилоят 187 адад лоиҳаҳои дархостӣ аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, кулогарӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, 60 дархости он дастгирӣ ёфт.

Манбаъ таъкид намудааст, ки барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ 60 нафар бонувон маблағҳои грантӣ дарёфт намуданд.

Читайте также  Солярка тамом шуд, фароед: вокуниши мақомот ба шикояти Мижгона Ҳалимова - акс