Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса 

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

27.03.2019ADMIN

AVIA Чартер – замима барои фармоиши ҷет

Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса барои шаҳрвандони хориҷӣ аз давлатҳои гуногун, минҷумла аз Тоҷикистон аҳамият дорад. Баъзеҳо ба ин ҷо барои истироҳати кӯтоҳмуддат дар Соҳили Лоҷвардӣ ё бо мақсади бо ҷойҳои тамошобоб ошно шудан меоянд, дигар касон – барои таҳсил ё кор кардан меоянд, касе нақша дорад, ки дар ин кишвар фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монда, дар Аврупо ба МДИ (ПМЖ) бимонад. Ширкати ArendaLazur TM (Cofrance SARL) дастгирии ҳуқуқиро дар ҳар ҳолат пешкаш мекунад ва ҷиҳати ноил гаштан ба мақсади дар пеш гузошташуда кӯмак мерасонад.

Агар шумо ба иҷораи кӯтоҳмуддат ё дарозмуддати манзили истиқоматӣ дар Фаронса рағбат дошта бошед, пас мо омода мебошем, ки амволи ғайриманқули андозаи заруриро пешкаш намоем:

  • студияҳо,
  • ҳуҷраҳо,
  • апартаментҳо,
  • виллаҳо,
  • таунхаусҳо,
  • пентхаусҳо,
  • иморатҳои хусусӣ,
  • манзилҳои тиҷоратӣ.

ArendaLazur TM (Cofrance SARL) ҳамаи масъалаҳоеро, ки ба иҷора тааллуқ доранд, ҳалу фасл мекунад:

Интиқоли байналмилалии ҳавопаймоии борҳо

  • ҷиҳати интихоби варианти муносиби манзили истиқоматӣ кӯмак мерасонем,
  • шартномаи иҷораро мебандем,
  • дар ҷодаи андоз ва пардохтҳои коммуналӣ кӯмак мерасонем,
  • саёҳатро ба Фаронса ба таври «аз ибтидо то интиҳо» ташкил мекунем,
  • раводидҳо, суғуртаи тиббиро тартиб медиҳем,
  • масъалаҳои хӯрок ва рум-сервисро ҳалу фасл менамоем,
  • дар вуҷуди хоҳиш хушҳолиро зимни истироҳат (саёҳат, сайругашт дар болои яхта, парвозҳои чархболӣ, ташриф овардани чорабиниҳо) ташкил мекунем.

Дар бораи иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса чӣ донистан зарур

Фаронса, махсусан пойтахти он ва осоишгоҳҳои Соҳили Лоҷвардӣ – ин чун самти гарони сайёҳӣ маҳсуб меёбад ва ба ин ҷо шахсони давлатманд ба хотири истироҳати бароҳату бонуфуз меоянд. Мутаносибан, иҷораи манзили истиқоматӣ низ қимат мебошад. Зимнан, варианти буҷавии студияро пайдо кардан имконпазир аст, махсусан, агар ҷустуҷӯиро ба брокери таҷрибадор оид ба амволи ғариманқули ArendaLazur TM (Cofrance SARL) фармоиш диҳед.

  1. Дар Фаронса андоз барои истиқоматкунӣ вуҷуд дорад, ки онро иҷоранишинон пардохт мекунанд. Ин маблағи каме мебошад, ки ҳисоб ва пардохт намудани онро ҳуқуқшиноси ArendaLazur TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад.
  2. Манзили истиқоматиро дар Фаронса ба иҷора гирифта истода, маҷмӯъи пурраи хизматрасониҳои стандартии меҳмонхонавиро низ фармоиш додан мумкин: рӯбучинӣ, дастрас кардани хӯрок аз тарабхона, иҷораи автомобилҳо, саёҳатҳо. Вале, дар зимни ин, шумо аз ҷадвали ҷойдошта мутеъ намегардед ва ба хотири наҳорӣ соати 7-и субҳ аз хоб бедор намешавед, ҳамааш тибқи хоҳишҳои шумо амалӣ карда мешавад.
  3. Бисёр биноҳо дар Фаронса ҳавз, маркази СПА, ҳаммом, толори варзишӣ, мағозаҳо ва дигар афзалиятҳои монандии хешро доранд. Истифода бурдан аз хизматрасониҳои мазкур бомантиқ мебошад, зеро онҳо ба истиқоматкунандагон бо шартҳои фоиданок пешкаш карда мешаванд.
Читайте также  {:ru}Услуги деловой авиации в Таджикистане{:}{:tj}Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон {:}

Ҳамчунин бихонед  Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

Международные авиа грузоперевозки

Иҷораи вилла

Ба он касоне, ки ба истироҳати боҳашамат одат кардааст, ArendaLazur TM (Cofrance SARL) бо хушнудӣ ба иҷора гирифтани вилларо кӯмак мерасонад. Хонаи алоҳида дар Соҳили Лоҷвардӣ – афзалияти калон ва имконияти олиҷаноб барои гузаронидани рухсатӣ мебошад. Чунин вариант барои оилаҳои давлатманд бо кӯдакон ё гурӯҳи дӯстон хеле хуб муносиб мебошад.

Иҷораи вилла – ин танҳоии романтикӣ дар ҷои хушманзар аст. Чунин хонаҳо доимо ҳавз, боғ, майдончаи бозӣ, ҷойҳои офтобгирӣ, барбекю ва гузаронидани шабнишиниҳо, ҳаммом ва дигар лавозимоти истироҳати бароҳатии хешро доранд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, сервиси зарурӣ пешкаш карда мешавад, ки дар бисёр ҳолатҳо ошпази шахсӣ ва муҳофизонро дарбар мегирад. Хизматрасониҳои заруриро интихоб ва фармоиш додан тавассути ширкати ArendaLazur TM (Cofrance SARL) имконпазир аст.

Дар вуҷуди хоҳиш як қисми вилларо ба иҷора гирифтан мумкин: нисфи хона ё чанд ӯтоқҳо. Дар ин сурат, қисми дуюм маҳкам карда мешавад ё дар он монанди шумо оила истиқомат мекунад. Баъзан, ҳатто, соҳибмулкон дар вилла мемонанд, то ки ба меҳмонон хизматрасонӣ кунанд.

 

Чӣ бояд илова кард

  • Ширкати ArendaLazur TM (Cofrance SARL) дар Нитса мавқеъ гирифтааст, дар зимни ин мо дар тамоми минтақаҳои Фаронса кору фаъолият дорем. Нисбати кадом ноҳия ё шаҳр дар кишвар шумо рағбат дошта набошед, мо барои пайдо кардани варианте аз ҷиҳати нарх ва бароҳатӣ муносиббуда, ҳамчунин, ба иҷора гирифтани он кӯмак мерасонем.
  • ArendaLazur TM (Cofrance SARL) ба сифати брокер фаъолият дорад, бинобарин ҳангоми ҳамкорӣ бо кулли оҷонсиҳои ғайриманқули Фаронса, мо ба болои нархи иҷора ҳаққи бариловаи хешро намегузорем. Барои мо фарқ надорад, ки шумо студияи хурдтарак ё иморати хусусии боҳашаматро ҷустуҷӯ доред, мо дар ҳар ҳолат мадад мерасонем. Кормандони мо бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ғ. сухан меронанд, бинобарин хизматҳои тарҷумон барои шумо зарур намешаванд.
  • Иншооти муносибро интихоб ва брон кардан ба таври масофавӣ имконпазир аст. Мо тайёр ҳастем, ки тибқи дархости шумо, вариантҳои гуногунро бо аксҳо ва тасвирҳо тавассути интернет ирсол намоем. Интихоб кардан ва пардохт намудани варианте, ки аз ҳама беҳтар муносиб мешавад, боқӣ мемонад.
  • Мустақилона ба иҷора гирифтани амволи ғайриманқул дар Фаронса дуруст нест. Дар ин ҷо ҳама корҳо ба таври расмӣ, тавассути ҳуқуқшинос ё оҷонсии ғайриманқул иҷро карда мешаванд. Агар шумо «бевосита» пешниҳоди иҷораи ҳуҷраро пайдо намуда бошед, ин ё аломати фиреби агент ё қалбакии рӯйрост мебошад.
Читайте также  {:ru}Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ{:}{:tj}Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса {:}

Ҳамчунин бихонед  Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо

 

Ширкати ArendaLazur TM (Cofrance SARL) – ёрдамчии боэътимоди шумо дар Фаронса. Мизоҷон дӯстони мо мегарданд ва мо омода ҳастем, ки дар ҳар ҳолат кӯмак расонем, ба ҳамаи саволҳое, ки зимни саёҳати берунмарзӣ ҳатман ба вуҷуд меоянд, ҷавоб медиҳем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шумо аз ташриф ба Аврупо ҳаловат баред!