Хизматрасониҳои VIP дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шахсони бисёри давлатманд мавҷуданд, ки хизматрасониҳои муосири VIP – иҷораи ҳавопаймоҳои хусусӣ, яхтаҳо, харидани амволи ғайриманқули гаронро дар Аврупо ба худ раво дида метавонанд. Ширкати ҳуқуқии Cofrance SARL, ки дар Фаронса мавқеъ гирифтааст, дар шаҳри Душанбе низ офиси хешро дорад. Мо ҷиҳати ба таври «аз ибтидо то интиҳо» гузаронидани ҳар созиши калон кӯмак мерасонем ва дастгирии ҳамаҷонибаро пешкаш менамоем. Мизоҷони мо – ин соҳибкорони мӯътабар, ходимони машҳури ҷамъиятӣ, сиёсатмадорон, ташкилотҳои бомувафаққият, ситораҳои шоу-бизнес мебошанд.

Самтҳои асосии фаъолияти мо:

  1. авиатсияи тиҷоратӣ (иҷораи ҳавопаймоҳо ва чархболҳо, фурӯши киштиҳои ҳавоӣ, тюнинг ва сохтмони онҳо, менеҷменти тиҷоратӣ),
  2. брокериҷи баҳрӣ (иҷора ва фурӯши яхтҳо, идораи киштиҳо),
  3. амволи ғайриманқул дар Фаронса ва Монако (иҷора ва фурӯши амволи ғайриманқул – ҳуҷраҳо, виллаҳо, хонаҳо, манзилҳои тиҷоратӣ),
  4. хизматрасониҳои ҳуқуқӣ (таъминоти созишҳою тиҷорат, кӯмак барои гирифтани МДИ (ПМЖ) дар Аврупо, зоиш дар Фаронса, ҳали баҳсҳо дар Суд, ҳамчунин дар Суд оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Страсбург ва ҳ.)

Хусусияти кори Cofrance SARL – ин хизматрасонии маҷмӯъӣ ва дастгирӣ дар тамоми давраҳои созиш. Новобаста аз он, ки сухан дар бораи иҷораи кӯтоҳмуддати ҳуҷра дар Нитса ё харидани ҳавопаймои тиҷоратӣ биравад, мо ҷиҳати ба таври пуррагӣ ташкил кардани ҷараён кӯмак мерасонем ва хизматрасониҳои ҳамроҳиро пешкаш менамоем.

Дар Тоҷикистон Cofrance SARL аз соли 2011 кору фаъолият дорад. Муддати давраи сипаригашта мо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои пешсаф ва ходимони ҷамъиятӣ, зиёда аз сад созишҳои калони бомувафаққиятро ба амал расонидаем. Дар намояндагии мо дар шаҳри Душанбе кормандон ҳастанд, ки бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ суханронӣ мекунанд. Умуман, бошад, мутахассисони мо 35 забонҳоро аз худ кардаанд, зеро мо офисҳоро дар 117 кишварҳои ҷаҳон дорем.

Агар шумо ба яке аз самтҳои фаъолияти мо ё дастгирии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ё Аврупо рағбат дошта бошед, пас ба Cofrance SARL муроҷиат кунед. Кофӣ аст, ки дархостро дар сомонаи мазкур, мундариҷаи масъаларо мухтасар шарҳ дода, дар шакли озод гузоред. Менеҷери мо бо шумо тамос мекунад, то ки нақшаи корбариро маслиҳат ва нархи хизматрасониро ҳисоб намояд. Дар вуҷуди хоҳиш метавонед шахсан ба мо занг занед ё тавассути чати интернетӣ бо кормандон ҳамсӯҳбат шавед.

Чаро ба Cofrance SARL муроҷиат кардан беҳтар аст

  1. Ширкат аз соли 2007 кору фаъолият дорад. Дар Фаронса мавқеъ гирифта, мо офисҳоро дар панҷ континент ва дар 117 кишварҳо дорем.
  2. Мо муддати 8 сол дар Тоҷикистон бо муваффақият кор мекунем. Сипари вақти мазкур мо зиёда аз сад созишҳои калон (харидани амволи ғайриманқул, вусъат додани тиҷорат дар Аврупо, иҷораи ҳавопаймоҳо, харидани чархболҳо, зоиш дар Фаронса, харидани яхтаҳо) ва зиёда аз ҳазор созишҳои майда (ташкили истироҳат дар Аврупо, иҷораи амволи ғайриманқул, саёҳат тавассути яхтаҳо ва чархболҳо, таъминоти ҳуқуқӣ)-ро ба амал расонидаем.
  3. Дар ихтиёри мо онлайн-сервисҳои муосире қарор доранд, ки ҷиҳати ба таври масофавӣ гузаронидани амалиётҳои ҷиддӣ, қонунӣ бастани шартнома ва пардохтани хизматрасониҳо имконият фароҳам месозанд, ки вақти мизоҷонро назаррас сарфа менамояд.
  4. Корбарии маҷмӯъӣ нисбати иҷроиши ҳар вазифа, муносибати индивидуалӣ дар ҳар як ҳолат.
  5. Шабакаи шабонарӯзии дастгирии мизоҷон.
  6. Шарикони боэътимод дар Аврупо, Осиё, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва Океания.
  7. Кафолат медиҳем:

— шафоффияти молиявӣ,

— тозагии ҳуқуқии ҳар як созиш,

— муносибати эҳтиёткорона,

— маҳфияти садфоиза,

— нархҳои дастрас барои хизматрасониҳо.

Дастовардҳо

 

Cofrance SARL аъзои ассотсиатсияҳои зерини бонуфузи байналмилалӣ мебошад:

  • YBAA – Ассотсиатсияи брокерони Яхтавии Америка (The Yacht Brokers Association of America, Inc.), ки аллакай қариб 100 сол фаъолият дорад,
  • PYA – Ассотсиатсияи Яхтинги Касбӣ,
  • ANACOFI –Ассотситсияи калонтарини иштирокчиёни касбии бозори Суғуртавӣ, Бонкӣ, Молиявӣ-сармоягузорӣ ва, ҳамчунин, бозори амволи ғайриманқул,
  • EBAA (European Business Aviation Association),
  • NBAA (National Business Aviation Association),
  • Wyvern Ltd. – сектори пешсафи таъминоти бехатарии парвозҳо,
  • ARGUS International, ки санҷиши бисёрқабата ва гуногунтарафаи парвозҳои ҳавопаймоиро иҷро мекунад,
  • Avinode – шабакаи пешсафи чартерӣ.

Агар шумо нисбати яке аз самтҳои фаъолияти мо рағбат пайдо карда бошед, ба Cofrance SARL имрӯз муроҷиат кунед. Дар Тоҷикистон хизматрасониҳои VIP-ро дар сатҳи баланд танҳо ширкати мо пешкаш карда метавонад. Мо медонем, ки бо мизоҷони статусашон баланд чӣ тавр корбарӣ кардан лозим.