AVIA Чартер - приложение для заказа джета
AVIA Чартер – замима барои фармоиши ҷет
Иҷораи яхта дар Аврупо – хизматрасонии талаботдоштае, ки аз он сокинони Тоҷикистон низ дар вақти истироҳат дар Соҳили Лоҷвардӣ бо ҳавас истифода мебаранд. Ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) ҷиҳати ба иҷора гирифтани киштии андозааш муносиб барои иҷроиши вазифаҳои шумо кӯмак мерасонад. Баҳри киро кардани яхта дар Фаронса барои санаи лозимӣ кофӣ аст, ки дар сомонаи мазкур дархостро гузоред. Мо дархости мазкурро бо тезӣ муҳокима карда, интихоби бузурги киштиеро, ки барои саёҳати баҳрпаймоӣ ё круиз омодаанд, манзури шумо пешкаш менамоем.
Ҳамчунин, ScanMarine TM (Cofrance SARL) номгӯи кулли хизматрасониҳои ҳамроиро пешниҳод хоҳад кард.
Яхтаҳоро дар Фаронса бо кадом мақсад ба иҷора мегиранд
Аксаран киштиҳои баҳрпаймоиро сайёҳон барои ҳузуру ҳаловати хеш ба иҷора мегиранд. Дар ихтиёри мо интихоби бузурги навъҳо вуҷуд доранд, минҷумла: аз қаиқҳои хурди муҳаррикдор ва катерҳо – то ба кишттиҳои боҳашамати дараҷаи VIP ва супер-яхтаҳо. Варианти барои шумо аз ҳама муносибро интихоб намуданро менеҷери ScanMarine TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад.
Мо омода ҳастем, ки киштии баҳрпаймоиро барои мақсадҳои зерин пешкаш намоем:
Интиқоли байналмилалии ҳавопаймоии борҳо
Международные авиа грузоперевозки
- саёҳати кӯтоҳмуддати баҳрпаймоӣ (аз 30 дақиқа – то 2 соат),
- круизҳо қад қади Соҳили Лоҷвардӣ (яке чанд соат),
- саёҳатҳо бо ташриф овардани бандарҳо ва сайру гашти пиёдагардӣ (1 рӯз),
- круизҳо дар дохили Фаронса ё тамоми Аврупо (аз чанд рӯз то чанд ҳафта),
- моҳигирӣ (аз чанд соат – то 1 рӯз),
- чорабиниҳои идонаю ҷашнӣ (аз чанд соат – то чанд рӯз),
- саёҳати арӯсу домод (бо ороиш додани киштӣ),
- чорабиниҳои тиҷоратӣ (презентатсияҳо, музокиротҳо, мулоқоти тиҷоратӣ, шиносшавӣ),
- интиқоли баҳрпаймоии борҳо,
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ,
- машғул шудан бо варзиш ё ғӯтаваршавӣ бо акваланг,
- иҷораи дарозмуддат барои ба роҳ мондани тиҷорат.
Ҳамин тавр, кадом мақсадҳоеро, ки шумо дар назди худ гузошта набошед, ScanMarine TM (Cofrance SARL) ҷиҳати иҷораи яхта ва ташкили саёҳат мадад мерасонад.
Чӣ тавр саёҳати баҳрпаймоиро рангоранг бояд кард
Саёҳати баҳрпаймоӣ – тарзи беҳтарини истироҳат маҳсуб меёбад. Афзалияти ширкати мо аз он иборат аст, ки мо тамоми мушкилиҳои мизоҷонро бар зиммаи худ мегирем. Вазифаи мо – на танҳо яхтаро ба иҷора гирифтан, балки кӯшиш ба харҷ додан, ки саёҳат барои шумо хушнудии ниҳоиро бахшида тавонад. Дар канор шуморо экипажи хушмуомила пешвоз мегирад, яхтаро нишон медиҳад ва тарзи олиҷаноби гузаронидани вақтро маслиҳат медиҳад.
Ҳамчунин бихонед Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон
Саёҳат дар болои яхта – ин худ ҳузуру ҳаловати бузург мебошад: шалаппаси мавҷҳо, ҳавои шифобахши баҳр, имконияти офтобгирӣ, оббозӣ дар баҳри кушода, тамошои манзараҳои зебо ва осоишгоҳҳои наздисоҳилӣ. Вале агар шумо дар нақша дошта бошед, ки яхтаро ба мӯҳлати зиёда аз ду соат ба иҷора гиред, пас ScanMarine TM(Cofrance SARL) ҷиҳати дар болои киштӣ ташкил кардани барномаи хушҳолӣ бо хурсандӣ кӯмак мерасонад.
- Дар болои яхта ҳар хӯрокро ташкил кардан мумкин: аз фуршети сабук то банкети боҳашамат бахшида ба ҷашни ботантана бо таомҳо аз тарабхона. Мо хизматрасониҳои кейтерингро дар канор пешкаш менамоем ва ба мизоҷ, бошад, муайян кардани намуди хӯрокро боқӣ мемонаду халос.
- Хизматрасонии мусиқии зинда низ талабот дорад. Мо омода ҳастем, ки ҳофизону мусиқинавозонро даъват намоем, то ки шабнишинии романтики ошиқон ё ҷашни бошукӯҳро зинат диҳанд.
- Ҷашн – сабаби олиҷаноби сафар тавассути яхта мебошад. Киштии баҳрпаймоиро бо мақсадҳои зерин: гузаронидани Рӯзи таваллуд, корпоратив, туйи боҳашамати арусу домод ё ҳамту шабнишинии ҷавонон бидуни сабаб – ба иҷора мегиранд. Ҳар як чорабинӣ муносибати индивидуалӣ, ороишдиҳӣ, мусиқӣ ва барномаи идонаи махсусро талаб мекунад. Ҳамаи инҳоро ScanMarine TM (Cofrance SARL) бар зиммаи худ мегирад.
- Аксаран яхтаро бо мақсади моҳигирии мафтункунанда ба иҷора мегиранд. Баҳри Миёназаминӣ бо намудҳои қиматбаҳои моҳӣ бой аст. Дар ин ҷо шумо наҳанги олиҷаноб, дорадаи бошукӯҳ ё моҳӣ-шамшерро аз об бароварда метавонед. Шкипери таҷрибадор киштиро ба он минтақаҳои баҳр равона мекунад, ки дар он ҷо миқдори сайди моҳӣ беназир мегардад, дар зимни ин дастурдиҳандаи касбӣ ҳангоми саёҳат ҳатто навёдгирро ба моҳигирии дараҷаи «ас» табдил мегардонад. Ба чунин саёҳат ҳам дар ҳайати хушҳолии дӯстон ва ҳам бо кулли оила сафар карда метавонед: ҳама серкор хоҳанд шуд.
- Барои ҳаводорони варзиш ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) бо хурсандӣ таҷҳизотҳою лавозимотҳои лозимиро пешкаш менамояд. Зеро дар баҳри Миёназаминӣ бисёр ҷойҳои ғӯтаваршавӣ, минҷумла ба зебогиҳои зериобии набототу ҳайвонот ва, ҳамчунин, ба назди киштиҳои ғарқшуда вуҷуд доранд. Дастурдиҳанда ҳамаашро меомӯзонад ва сафарро шавқовару сервоқеъа мегардонад.
- Саёҳати оилавӣ – яке аз вариантҳои машҳури иҷораи яхта маҳсуб меёбад. Барои он, ки ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон истироҳати хубро карда тавонанд, ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) ҳамроҳикунандагонро пешкаш менамояд: доя, аниматсиясоз, масҳгар, ҳамшираи тиббӣ, роҳбалад, – бигзор ҳама худро форам, хушҳолона ва бароҳат эҳсос кунад.
- Трип-тиҷорат тарзи олиҷаноби гузаронидани музокироти тиҷоратӣ ва ба худ ҷалб кардани шарики эҳтимолӣ маҳсуб меёбад. Иҷораи яхта албатта обрӯю эътибори шуморо баланд мегардонад, дар зимни ин меҳмон аз ҷояш хеста шуморо тарк карда наметавонад, ӯ бо эҳтиром шуморо то ба охир гӯш хоҳад кард. Вале, бе ин ҳам меҳмон чунин хоҳишро пайдо намекунад, зеро ScanMarineTM (Cofrance SARL) барои мақсадҳои шумо шароити аз ҳама бароҳатро барпо медиҳад ва, дар баробари ин, киштиро бо рамзҳои ширкататон ороиш медиҳад.
- Ҳамчунин ScanMarine TM (Cofrance SARL) бастани шартномаи дарозмуддати иҷораи яхтаро барои кор мадад мерасонад. Новобаста аз он, ки шумо интиқоли борҳо, кашонидани сайёҳон, ташкил кардани чорабиниҳои хешро дар нақша дошта бошед, – ҳамаи вазифаҳо иҷрошавандаанд, вале дар ин ҷо таъминоти марбутаи ҳуқуқӣ зарур аст. Коршиносони мо ҷиҳати дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳо, пайдо намудани вариантҳои фоидаовари иҷора ва ҳамкорӣ, киро кардани экипаж ва ҳайати кории шахсӣ, ҳалу фасл намудани масъалаҳои ҳамроҳӣ кӯмак мерасонанд.
Ҳамчунин бихонед Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон
Инак, агар шумо ба иҷораи яхта дар Фаронса ҳавас дошта бошед, аз ScanMarine TM (Cofrance SARL) шарики беҳтаринро пайдо карда наметавонед. Мо яхтаи муносибро бо тезӣ интихоб менамоем ва турне – саёҳати фаромӯшнашавандаи дилписандро барои шумо ташкил мекунем. Бо кӯмаки мо шумо баҳрро мутеъ мегардонед!