AVIA Чартер - приложение для заказа джета
AVIA Чартер – замима барои фармоиши ҷет
Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон – чун ёрдамчии ивазнашаванда дар соҳаҳои асосии кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо ҳавопаймоҳои сабук ва махсусан – чархболҳо хеле машҳур мебошанд. Қисми асосии давлатро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки байнашон водиҳои ҷуқур, дарёҳо ва кулҳои бешумор мавқеъ гирифтаанд. Аз ҳисоби релефи мазкур аксарият деҳаҳои маскун душворфатҳ мебошанд ва аз ин лиҳоз ба он ҷо тавассути киштиҳои ҳавопаймоӣ сафар кардан бештар аст.
Ҳавопаймоҳои сабук бо суръати баланд – то 400 км/с ҳаракат мекунанд. Ҷиҳати ба шаҳре воқеъ дар дурии то 1000 км бо тезӣ рафта расидан ин тарзи оптималӣ аст. Хавопаймоҳои мазкур дар фурудгоҳҳои хурде дорои хатҳои аз ҳама кӯтоҳи парвозу фурудоӣ ба замин фаромада метавонанд.
Масоҳат ва гуногунии хатсайрҳои чархболӣ дар Тоҷикистон бешубҳа бемаҳдуданд. Ҳеликоптер тайёр аст, ки ҳам ба силсилакӯҳи Алой, ҳам ба кӯҳҳои Помир, ҳам ба пиряхи Федченко ва ҳам ба кӯли Қаракӯл парвоз кунад. Он ба болои сатҳи об ё барф, ба болои хок ё боми бино фаромада метавонад. Маҳз аз ин сабаб чархболҳо дар Тоҷикистон хеле машҳуранд ва дар соҳаҳои гуногун истифода карда мешаванд, минҷумла барои:
- трансфер байни шаҳрҳо,
- саёҳатҳои мушоҳидавӣ,
- амалиётҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ,
- рейсҳои тиббӣ ва ёрирасонии таъҷилӣ,
- хомӯш кардани сӯхторҳо,
- чорабиниҳои идона,
- аэрофотоаксгирӣ,
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ,
- сафарҳои корӣ,
- интиқоли борҳо,
- корҳои сохтмонӣ ва деҳқонӣ,
- саёҳати хусусӣ.
Даъвати киштии ҳавопаймоии авиатсияи хурд
Барои чунин ва дигар мақсадҳо дар хатсайри зарурӣ чархболро муддати дақиқаҳои башумор фармоиш додан мумкин. Кофӣ мебошад, ки ба авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед ва хоҳишҳои хешро баён намоед. Инро дар сомонаи мазкур ба осонӣ кардан мумкин. Бо шумо тамос мекунанд, нархи парвозро маълум мегардонанд ва тасфсилоти саёҳатро маслиҳат медиҳанд.
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар Тоҷикистон навъҳои зерини истеҳсолкунандагони номдори чархболиро муаррифӣ менамояд: Robinson, Ми, Airbus Eurocopter, Вell, Sikorsky, Agusta, Lycoming, Enstrom, RotorWay Exec, McDonnel-Douglas. Мизоҷ варианти муносибро мустақилона интихоб намуда, ба нуқтаи муқарраршуда дар вақти қулай парвоз мекунад.
Ҳамчунин бихонед Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо
Чунин талаботу тартиб ба фармоиши ҳавопаймои сабук низ тааллуқ доранд. Афзалияти он аз бароҳатии калонтар, вуҷуд надоштани серғавғоӣ ва суръати баланд иборат мебошад. Дар ихтиёри мо навъҳои машҳури Cessna, Bonanza, Skylane, Extra Flugzeugbau, Piper Aircratf, Adam Aircraft, Learjet ва бисёри дигар – онҳоро мизоҷ интихоб мекунад – қарор доранд.
Афзалиятҳои киштиҳои ҳавопаймоии авиатсияи сабук
Международные авиа грузоперевозки
Киштиҳои ҳавопаймоии сабук бисёр афзалиятҳо доранд:
Интиқоли байналмилалии ҳавопаймоии борҳо
- онҳо рост парвоз карда, дар тиққаҳо ва светофорҳо дар намемонанд,
- ба ҷойҳои душворфатҳ ба осонӣ парвоз карда мерасанд,
- эҳсоси тааҷҷӯбоварро мебахшанд,
- ҷиҳати ба акс гирифтани манзараҳои базеби панорамавӣ имконият медиҳанд,
- аксарият навъҳои муосир бо бароҳатӣ ва боҳашаматиашон хос мебошанд,
- иҷораи киштиҳои ҳавопаймоии авиатсияи хурд нисбат ба ҳавопаймоҳои одатӣ хеле арзон мебошад.
Зимни истифодабарии ҳавопаймоҳо ва чархболҳои сабук саёҳатҳо ба масофати то 1000 километр бо тезӣ ва форам мегузаранд. Киштиҳои калон барои чунин рейсҳои кӯтоҳ қариб истифода карда намешаванд, аммо тавассути автомобил ба он ҷо сафар кардан хеле дур ва ноқулай мебошад. Дар чунин ҳолат авиатсияи хурд ивазнашавандааст ва ташкили парвоз аз AVIAV TM (Cofrance SARL) душвориҳою мушкилиҳои мизоҷро пурра бартараф менамояд.
Харидани киштии хусусии ҳавопаймоии авиатсияи сабук
Бинобари машҳур будани авиатсияи хурд дар Тоҷикистон бисёриҳо орзу мекунанд, ки киштии сабуки ҳавопаймоии хусусиро барои худ ва ширкати хеш бихарад. Инро ба амал расонидан осон аст, агар ба брокери боэътимоди AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед. Ширкат бо фурӯши ҳавопаймоҳо ва чархболҳо барои ҳар мақсад машғул мебошад.
Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои сабукро аксаран сарнишинон барои парвозҳои хусусӣ ё кор мехаранд. Навъҳое мавҷуданд, ки дар онҳо ҷойҳо фақат барои сарнишин ва як меҳмон пешбинӣ карда шудаанд, масъалан: Pitts S2b ё Extra 300. Дар бисёр ҳолатҳо ғунҷоиши киштӣ 4 нафарро ташкил медиҳад, масъалан дар вариантҳои номдор Diamond DA42, Cirrus SR22, Вeechcraft Bonanza G36, Cessna 400. Тавассути онҳо миқдори муайяни бағоҷро низ интиқол додан мумкин. Вазни ниҳоии парвозӣ барои ҳар як киштии ҳавопаймоӣ индивидуалӣ мебошад, бинобарин бештар аст, ки пеш аз интихоб мақсадҳо хуб таҳлил гардида, ҳавопаймоҳо омӯхта шаванд, ки дар ин ҷода эксперти авиатсионӣ аз AVIAV TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад.
Ҳамчунин бихонед Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо
Ширкати «Кофранс» омодааст, ки ҳам навъҳои калонҳаҷми чархболҳоеро, ки барои шумораи калони мусофирон (10-40) ва борҳо (навъҳои Вell, Sikorsky, Agusta) пешбинӣ шудаанд, ва мошинаҳои сабуки зудҳаракатро – барои як сарнишин ва як меҳмон – пешниҳод кунад. Нархи киштиҳои ҳавопаймоии сабук аз 50-100 ҳазор евро оғоз гирифта, то ба чанд миллион евро расида метавонад. Ҳамааш аз хоҳишҳои индивидуалии мизоҷ вобаста мебошад.
Агар шумо ба иҷора ё харидани киштии ҳавопаймоии авиатсияи хурд дар Тоҷикистон рағбат дошта бошед, ба AVIAV TM (Cofrance SARL) бо саволҳои ҷойдошта муроҷиат кунед. Мо
- созишро ба таври «аз ибтидо то интиҳо» мегузаронем,
- таъминоти маҷмӯъии ҳуқуқиро пешкаш менамоем,
- муоинаи техникиро ташкил мекунем,
- маслиҳати экспертони авиатсиониро таъмин менамоем,
- масъалаҳоеро, ки бо нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳавопаймоҳо ва чархболҳо вобаста мебошанд, ҳалу фасл мекунем,
- барои рейсҳо иҷозат мегирем.
Хизматрасонии маҷмӯъӣ – роҳи беҳтарин барои шахсоне, ки вақти хешро қадр медонанд.
Дар бораи хоҳишҳои хеш нақл кунед ва мо орзуатонро ба осонӣ амалӣ мегардонем. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар ҷаҳони авиатсияии хусусӣ – шарики боэътимоди ивазнашавандааст!