Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо 

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

27.03.2019ADMIN

AVIA Чартер – замима барои фармоиши ҷет

Иҷораи яхтаҳо дар Аврупо – тарзи беҳтарини пурмазмунгардонии истироҳат, ки онро на танҳо шахсони аз ҳама давлатманду бомувафаққияти сайёра, балки намояндагони мулкдори қабати миёна ба худ раво дида метавонанд. Агар шумо хоҳиш доред, ки дар Фаронса сайругашти баҳрӣ ё саёҳати хурдтаракро дар соҳили Итолиёвӣ ба амал расонед, ба ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед. Мо дар Тоҷикистон мизоҷони доимиро дорем ва медонем, ки барои шумо чӣ пешниҳод кунем.

Иҷори яхта дар Фаронса, Монако ё Испания ба ҳар мӯҳлат – аз 30 дақиқа то ба чанд ҳафта имконпазир аст. Ҳамааш фақат аз хоҳишҳои шумо вобаста мебошад. Бо мақсади кирои киштӣ, дар сомона фармоишро гузоред, дар зимни ин маълумоти зеринро нишон диҳед:

— хатсайр ва санаи саёҳат,

— шумораи мусофирон,

— чанд вақт дар болои об меҳмон шуданро нақша доред,

— хоҳишҳои шумо.

Брокери яхтавии ScanMarine TM (Cofrance SARL) омода аст, ки аз ҳар бандари Аврупо киштиро пешкаш намояд. Мо бо кишварҳои Осиё низ кору фаъолият дорем ва аз ин лиҳоз фақат хатсайрро муқаррар кунед ва аз баҳрпаймоӣ ҳаловат баред!

 

Хусусиятҳои иҷораи яхта тавассути ScanMarine TM (Cofrance SARL)

Ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) бо яхтинг аллакай қариб 20 сол машғул мешавад. Ба сифати брокер фаъолият бурда, мо киштиҳои соҳибмулкони хусусӣ ва ширкатҳои баҳриро бидуни нархҳои бариловаи хеш пешниҳод карда, кулли номгӯи хизматрасониҳои ҳамроҳиро мерасонем.

Интиқоли ҳавопаймоии байналмилалии борҳо

Баъд аз қабул кардани дархост мо ба шумо аксҳо ва тасвири навъҳои гуногуни яхтаҳоеро, ки барои мақсадҳои шумо муносибанд, бо нишон додани нархи хатсайри муқарраргардида ирсол мекунем. Киштӣ бо экипаж пешниҳод карда мешавад ва ScanMarine TM (Cofrance SARL) саёҳатро ба таври «аз ибтидо то интихо» ташкил мекунад:

Читайте также  {:ru}Аренда яхты в Европе для ваших целей{:}{:tj}Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо {:}

Международные авиа грузоперевозки

  • шартномаи иҷораро мебандем,
  • тавассути автомобил мусофиронро то бандар интиқол медиҳем,
  • хӯрокро дар канори киштӣ ташкил мекунем,
  • ҳамроинамоиро пешкаш менамоем,
  • бароҳатии ҳар як сайёҳро таъмин мекунем,
  • барномаи хушҳолиро ташкил менамоем,
  • пас аз баргаштан меҳмононро аз марина гирифта, то меҳмонхона интиқол медиҳем.

Ҳамчунин бихонед  Хизматрасонии авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

 

Мо ҳам хайтсайрҳои мушоҳидавӣ қад қади Соҳили Лоҷвардӣ ва ҳам баромадани импровизатсиониро ба баҳри кушод пешниҳод мекунем. Ғайр аз ин, шумо метавонед мустақилона хатсайрро муқаррар кунед ва барномаи саёҳатро тартиб диҳед. Ҳамчунин, ба шумо имконпазир мегардад, ки сафарро ба як чанд рӯз ё, ҳатто, ҳафта бо ташриф овардани бандарҳои шаҳрҳо ё кишварҳои гуногун фармоиш диҳед. Шумо интихоб мекунед ва мо, бошем, хоҳишҳои шуморо ба амал мерасонем.

Саволҳо боқӣ мондаанд? Онҳоро ба менеҷери ScanMarine TM (Cofrance SARL) дар чат ё тавассути хати таъҷилӣ диҳед. Бо нархҳои иҷора ба осонӣ дар сомонаи https://scanmarine.ru/ шинос шуда метавонед. Истифода бурдани филтҳоро фаромӯш накунед, то ки яхтаи шакли муносибро бо тезӣ пайдо намоед. Тариқи ширкатамон киро кардани киштӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон имконпазир аст, вале дар Аврупо мо шартҳои аз ҳама фоидаоварро пешкаш менамоем.

Харидани яхтаи шахсӣ

Ба ғайр аз иҷора ScanMarine TM (Cofrance SARL) бо фурӯши яхтаҳо машғул мешавад. Агар ҷиҳати харидани киштии хусусӣ фикру ақида дошта бошед, мо ба шумо бо хушнудӣ кӯмак мерасонем.

Албатта, бо сабабҳои маълум, дар Тоҷикистон интихоби яхтаҳо ночиз мебошад, вале ҷойгиршавии киштӣ ягон аҳамияте надорад: мо хурсандона киштиҳоро аз Россия, давлатҳои баҳрии Аврупо, Осиё, Америкаи Шимолӣ пешниҳод мекунем. Навъи зарурӣ пайдо хоҳад гашт!

 

Дар соҳибӣ доштани яхта афзалиятҳои калонро дорад:

  • статуси баланди шуморо шаҳодат медиҳад,
  • дар вақти қулай ба баҳр баромадан ва аз истироҳати бароҳати бонуфуз ҳаловат бурданро имконият медиҳад,
  • воридшавии озод ба кишваре, ки дар он киштӣ ба қайд гирифта шудааст,
  • имконияти таклиф кардани дӯстону шарикони тиҷоратии хеш ба круизҳои фаромӯшнашаванда,
  • имконияти истифодабарии киштӣ барои кор, минҷумла, ҷиҳати интиқол додани борҳо ва ташкил кардани чорабиниҳо,
  • ба иҷора супоридани яхта подоши хароҷотҳои истифодабариро имконият медиҳад.
Читайте также  {:ru}Легкая авиация в Таджикистане{:}{:tj}Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон {:}

Дар вуҷуди хоҳиш яхтаро ба осонӣ фурӯхтан мумкин, агар аз дастгирии брокери таҷрибадори баҳрии ScanMarine TM (Cofrance SARL) истифода баред.

Ҷараёни харидани яхта

Харидани яхтаи шахсӣ – ҷараёни дарозмуддату душвор мебошад ва бо он ҳуқуқшиноси салоҳиятидор машғул бояд шуд.

Ширкати ScanMarine TM(Cofrance SARL) ҷиҳати гузаронидани созиш ба таври «аз ибтидо то интиҳо» бо сарфи вақти камтарин кӯмак мерасонад. Дар ин роҳ шуморо як чанд давраҳо интизоранд.

  1. Банақшагирии дуруст – таҳкурсии мувафаққият. На фақат фаҳмиши мақсади харидани яхтаро доштан зарур, балки зеринро муайян намудан лозим: нақшаи соҳибӣ, макони бақайдгирӣ ва нигоҳдорӣ, азми супоридани киштӣ ба иҷора. Аз эҳтимол дур нест, ки шумо ҷиҳати аз бонк гирифтани қарз ё харидани киштӣ аз номи ташкилот хоҳиш пайдо мекунед. Ҳамаи нюансҳо аҳамият доранд ва коршиносони молиявии ScanMarine TM(Cofrance SARL) ҷиҳати фаҳмидани онҳо кӯмак мерасонанд.
  2. Интихоб ва азназаргузаронӣ. Дар бозори муосир даҳҳо ҳазорҳо навъҳои шавқовар мавҷуданд ва аз байни онҳо яктои хешро интихоб кардан хеле мушкил аст. Метавонед фестивали яхтавиро дар Канн ва Монако ташриф оваред ё киштии истифодашударо интихоб намоед. Мутахассис ҷиҳати пайдо кардани тариқаи ба мақсаду буҷети шумо муносиббуда кӯмак мерасонад. «Муоинаи зинда» дилпур шудани шуморо аз харидани яхтаи орзуатон имконият медиҳад.
  3. Санҷиши техникӣ ва гарав. Экспертизаи мустақил ба мисли муоинаи шахсии яхта аҳамияти ҷиддӣ дорад. Ширкат коршиносонеро пешниҳод мекунад, ки нисбати киштӣ баҳои объективиро медиҳанд, афзалиятҳою камбудиҳои онро ишора мекунанд, дар бораи перспективаҳои истифодабариаш пешгӯӣ менамоянд, дар бораи тағӣирдиҳӣ ва бештаргардонии яхта маслиҳати муфидро медиҳанд. Мизоҷ созишномаи пешакиро имзо карда, 10% гаравро пардохт менамояд. Ин тадбир бо иштироки ҳуқуқшиноси ScanMarine TM (Cofrance SARL) ба таври расмӣ амалӣ карда мешавад.
  4. Кӯмаки ҳуқуқӣ. Пас ҳуқуқшиносон кори худро оғоз менамоянд. Зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои яхта аз санҷиш гузаранд, тафтиш бояд кард, ки киштӣ ба соҳибмулк тааллуқ дорад, дар кофтуков қарор надорад, сертификатсия дорад ва ғ. Шартномаи хариду фурӯш тартиб дода шуда, ба таври нотариалӣ тасдиқ карда мешавад. Зимни давраи мазкур пардохти пурра низ иҷро карда мешавад.
  5. Бақайдгирӣ ва суғурта. Ба қайд гирифтан ва суғурта кардани яхта боқӣ мемонад. Интихоби макони бақайдгирӣ аз бисёр омилҳо вобаста мебошад ва тадбири мазкурро бояд дар оғози кор амалӣ намоед. Ҷиҳати тартиб додани ҳуҷҷатҳо ҳуқуқшиноси баҳрӣ машғул мешавад. Ҳамчунин, зарур аст, ки ширкати суғуртавиро интихоб кунед, шартномаро дуруст тартиб диҳед, то ки хатарҳоро ба таври ниҳоӣ пешгирӣ карда тавонед.
Читайте также  {:ru}Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ{:}{:tj}Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса {:}

Ҳамчунин бихонед  Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон

 

Нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ. Брокери ScanMarine TM (Cofrance SARL) омода аст, ки ҷиҳати интихоби марина, ширкати таъминкунанда, кирои экипаж, интиқоли киштӣ ба кишвари зарурӣ, пардохти андозҳо кӯмак расонад. Бо хоҳиши соҳибмулки нав мо яхтаро ба зери менеҷменти тиҷоратӣ мегирем, онро нигоҳдорӣ мекунем ва ба иҷора месупорем. Ҳамин тавр, ба мо ҳалу фасли ҳар як вазифаҳои ҳамроҳиро вогузор карда, аз ин ҳисоб соҳиби даромад шавед ва дар вақти интихобгардида аз саёҳати баҳрӣ ҳаловат баред.