Аз касб то вирусҳо: ҳимояи Ҳукумат аз иловаҳои нав ба масъулияти волидон

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Аз касб то вирусҳо: ҳимояи Ҳукумат аз иловаҳои нав ба масъулияти волидон

Ҳукумати Тоҷикистон аз иловаҳои нав ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Хулосаи Ҳукумат дар ин бора бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Дар пайи дарёфти хулосаи Ҳукумат, 17 декабр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ гардид.

Международные авиа грузоперевозки

Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, ҳадафи тағйиру иловаҳои қонунӣ ба масъулияти волидонро шарҳ дод.

“Тағйиру иловаҳо бо мақсади пешгирии ҷилавгирии бемориҳои сироятӣ байни кӯдакону ҷавонон, азбаркунии асосҳои гигиенаи шахсӣ ва фарҳангӣ санитарӣ таҳия ва пешниҳод гардидаанд”, – изҳор доштааст Қурбонзода.

Бар асоси лоиҳаи тағйиру иловаҳои нав, ки аз ҷониби вакил Мансурӣ Дилрабо ва аъзои Маҷлиси милллӣ пешниҳод гардидаанд, волидон қонунан масъул хоҳанд буд, ки барои интихоби касби фарзанд мусоидат кунанд, дар бораи бемориҳои сироятӣ, одоби муоширату рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қоидаҳои гигиенӣ ва зарари машрубот  фаҳмонанд. Инчунин ба татбиқи қонуни мазкур мақомоти худидораи шаҳраку маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.

 

Читайте также  Таъйини сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон