Дуздӣ бо ниқоб ва “электрошок” дар Душанбе: донишҷӯ ғорат ҳам карду латукӯб ҳам

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Дуздӣ бо ниқоб ва “электрошок” дар Душанбе: донишҷӯ ғорат ҳам карду латукӯб ҳам

Донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва як нафари дигар ба иттиҳоми дуздӣ боздошт шудаанд. Онҳо ниқоб пӯшида, ба манзили як сокини Душанбе ворид гардида, на танҳо зарари молӣ расонидаанд, балки бо “электрошок” духтар ва мардеро лату кӯб ҳам карда, дасту пояшонро бо скотч бастаанд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавони донишҷӯ ва ҳаммаслакаш хабар медиҳад, ки ба дуздӣ муттаҳам мешаванд.

Ҷавонон афзун бар он, ки дуздӣ карда, ба соҳибони хона зарари молӣ расонидаанд, онҳоро лату кӯб намуда, бо истифода аз ниқобпӯшӣ тарсонидаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 30 ноябр дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.

Международные авиа грузоперевозки

“Ду нафар ҷавони ниқобпӯш бо таҷҳизоти электрикии “электрошок” мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора Бегматовна соли таваллудаш 1959 ғайриқонунӣ ворид гардида, шавҳар ва духтарашро зери лату куб қарор дода, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд”, – менависад манбаъ.

Зимни амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзании мазкур шаҳрвандон Садиров Ҳувайдо Ҷаҳонгирович соли таваллудаш 1983 ва Файзиев Рустам Ғуломалиевич соли таваллудаш 1997 донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастгир шуданд.

ВКД ҶТДуздии ду донишҷӯ дар Душанбе

“Нномбурдагон бо маслиҳати пешакӣ баҳри ба даст овардани маблағи калони пулӣ, дар рӯй ниқоб пӯшида, бо таҷҳизоти техникии “электрошок” мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора  ворид гардида, шавҳараш Чекушин Шавкат Кашафович соли таваллудаш 1955 ва духтараш Чекушина Юлия соли таваллудаш 1981-ро бо таҷҳизоти техникии “электрошок” ба сару рӯяшон зарба зада, ҳамзамон бо скотч дастҳояшонро бастаанд”, – афзудааст ВКД.

Читайте также  “Наш Фаридунчик”: сипоси солхӯрдаҳои Русия ба тоҷири тоҷик барои нони бепул - акс

Гумонбаршудагон баҳри дарёфти маблағи пулӣ манзили истиқоматиро кофтуков намуда, аз онҷо 1200-сомонӣ маблағи пулӣ ва як миқдор ҷавоҳироти биҷутериро рабудаанд, ки бо ин амалашон ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ расонидан, ба маблағи 1600-сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд.

Нисбати ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.