Марги шавҳарамро интизор будам: ваъдаи кор дар Туркия як оиларо ба гуруҳи Толибон пайваст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Марги шавҳарамро интизор будам: ваъдаи кор дар Туркия як оиларо ба гуруҳи Толибон пайваст

Саргузашти духтари тотор аз Русия, ки пайвастшавӣ ба террористон, огоҳӣ аз толибони ҳамҷинсгаро, дафни шавҳар, таваллуди ду фарзанд ва талошаш барои бозгашт ба Русияро фаро мегирад, дар ин гузориши Sputnik бихонед

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Чеҳраи Алиса ба симои занони террористе, ки дар барномаҳои хабарӣ нишон дода мешаванд, он қадар монанд нест.

Роҳи тӯлонӣ ба Истанбул

Алиса дар Уфаи Бошқирдистон таваллуд шуда, дар онҷо ҳамроҳи волидонаш ба воя расидааст. Баъди расидан ба синни 18-солагӣ ба шавҳар баромадаст.

Шавҳари вай марди ором ва хело зиёд куҳнапараст будааст. Алисаро бо баҳонаи тарбияи кӯдак ва дигар корҳои хонагӣ аз идомаи таҳсил дар коллеҷи тиббӣ маҳрум кардаст. Алиса ба хотири оила фармони шавҳарро ба ҷо меовардааст.

Соли 2011, вақте ки бори аввал гап сари ба хориҷа сафар кардани онҳо пайдо шуд, онҳо соҳиби ду фарзанд, Иброҳим ва Лайло буданд.

Дамир, шавҳари Алиса дар бораи ким-кадом шиносҳояш дар Туркия, ки ба ӯ тиҷорати хӯрокворӣ пешниҳод кардаанд, нақл карда будааст. Онҳо ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки ба истеҳсол ва тайёр кардани манту ва тушбера машғул мешавад.

Алиса ба сафари Туркия на он қадар розӣ будааст, аммо гапи шавҳарро дар оила асосӣ шумурда, пешниҳодашро рад карда натавонистааст.

Дар бораи он, ки Дамир забони арабиро медонистааст ва китобҳои динии дар Русия мамнӯъро мехондааст, Алиса огоҳ будааст, аммо аз мақсадҳои ӯ пай намебурдааст.

Оилаи ҷавон як қисмати дороиҳояшонро фурӯхта, ба хориҷа роҳсипор шуданд. Ҳангоми сафари якум дар Озорбойҷон бо онҳо дӯстони то ин вақт ношиноси Дамир ҳамроҳ шудаанд. Аммо Алисаро ҳамроҳшавии дӯстони нав не, балки нишасти ҳавопаймо дар фурудгоҳи Теҳрон, ки мувофиқи нақша онҳо бояд ба Туркия мерафтанд, шигифтзада кардааст. Дамир ба Алиса шарҳ додааст, ки ба хотири харҷи кам чунин роҳро пеш гирифтааст ва онҳо ба наздикӣ ба Туркия мераванд. Истгоҳи навбатии онҳо на шаҳрҳои Туркия, балки боз як шаҳри номаълуми Эрон будааст. Ҳангоми хоби шабона занон ва кӯдаконро алоҳида ҷо мекардаанд.

“Моро дар як ҳуҷрае ҷой карданд, ки ҳамааш занони узбак буданд. Бисёр ҷазир буд ва кӯдакони зиёд, низ буданд. Ман аз ин аҳвол дар ташвиш афтодам, аммо шавҳарам маро ором карда мегуфт, як ду рӯз инҷо мемонем ва баъдан ба Туркия меравем, ҳаммаш хуб мешавад. Ман бошам, бовар кардам”, – гуфт Алиса.  

Аммо ба ҷои Туркия ӯро сафари дарозмуддате ба Покистон интизор будааст. Барои он, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон пайхас набаранд, қатори автобусҳои хурд оҳиста-оҳиста ва шабона ҳаракат мекардаанд. Алисаро роҳи тӯлонӣ хело монда карда буд ва оқибат онҳо ба шимоли Вазиристон, ба деҳаи Дарпахел расиданд. Занро мисли Эрон дар ин ҷо низ иҷозати дидор бо шавҳараш намедоданд.

Читайте также  Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Матвиенко боз ба Русия омад

Манзили нави онҳо аз Эрон бадтар будааст. Ин ҷо мисли як оғили калони бе рушноӣ буд ва дар он ҷо якчанд оила ҷо карда шуда буданд, ки қисмати зиёди онҳо аз Узбакистон буданд ва ба як ҷамоа муттаҳид шуда буданд.

Барои Алиса на танҳо дар он ҷо будан мушкил буд, балки муносибати бошандагони онҷо, низ нисбати ӯ бад шудан гирифт. Занони дар онҷо буда, ҳатто ба корҳои оддии ҷамъиятӣ ба ӯ боварӣ надоштанд, мардон бошанд аз суҳбати мисли инсон даст мекашиданд.

“Қаравули мо шавҳари яке аз занони он ҷо буд. Вай ҳамеша ба мо дод мезад, шояд мехост моро тарсонад. Гоҳе ман ба бинои ҳамсоя даромадам, дар он ҷо гуруҳи мардони сабзинаю сиёҳпусти мӯйдарозро, ки дар дастонашон яроқ доштанд, дидам. Ба саволҳо ҷавоб намедоданд, танҳо бо қаҳр менигаристанд ва худро ба дигар тараф мегардонданд.

Ифротгароӣ чизи дигар будаст

 Алиса фаҳмид, ки Дамир ба ягон гуруҳи даҳшатафкан ҳамроҳ шудааст ва  хостаст бо вай вохӯрад. Ӯро ба назди шавҳараш, ки алакай ду ҳафта якдигарро надида буданд, дар як хонача ҷой карданд. Бинои аз лой сохташуда аз оғил фарқе надошт, аммо баъзе имкониятҳои зиндагии шахсӣ дар он ҷо дастрас буд.

Дар мулоқоти аввал Дамир сухани аввалаш ин буд: ин кишвари мусалмонҳост ва мо бояд мувофиқи қавонини онҳо зиндагӣ кунем, дар кишвари кофарҳо – Русия барои кӯдакони мо нест. Ба расму оинҳои ин ҷо оҳиста-оҳиста одат мекунем, ичунин роҳи бозгашт ҳам нест, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро оташ заданд. Агар хоҳи худат рав, аммо кудаконро ҳамин ҷо монда рав.

Инчунин Алисаро бо яроқи дар дасташ буда таҳдид кардааст то, ки вай интихобе ҳам карда натавонад. Алиса фаҳмид ба шахсе, ки вай дар Уфа ба шавҳар баромада буд дар гузашта монд, ҳоло ботинан дар пеши ӯ шахси дигар аст. Акнун Алиса бо машақатҳои зиёд зиндагӣ кардан гирифт ва алакай шавҳараш ҷангҷӯи “Толибон” шуда буд.

“Ман бо ин ҳама шароитҳои сахт зиндагӣ кардан гирифтам, аммо шавҳарамро таҳқир кардан гирифтам, ки ин чӣ зиндагӣ аст, ту маро аз волидонам ҷудо кардӣ ва ҳатто ба онҳо телефон карданро иҷозат намедиҳӣ. Дамир розӣ шуд ба телефон кардан, аммо иҷозат намедод аз аҳволам ба онҳо қисса кунам. Инчунин таъкид кард, ки агар волидонат ба Покистон барои ту биёянд туро мекушам”-ёдовар мешавад Алиса..

Дар он ҷо кӯдакон низ дар азоб буданд. Онҳо гиря карда мепурсиданд бибиамон дар куҷост, дар куҷо бозӣ кунем? Аммо саволҳои онҳо аз тарафи волидон бе ҷавоб мемонданд. Ба гуфтаи Алиса кудакони онҳоро дигар кудакон “кофир” гӯён таҳқир мекарданд ва ҳатто мезаданд. Якчанд бор ба сӯи писарашон Иброҳим низ санг партофта буданд.

Читайте также  Ҳушдори БДА ба ронандаҳои ҷаримагурез аз ширкати "Талко Персия" то Asian Express

Ба мардуми маҳаллӣ сафедпӯстони ҷинспӯш маъқул намешуд.

Модар ва хоҳари Алиса ҳамеша аз ӯ пурсон мешуданд, ки кай ӯ бар мегардад ва ё ба дидорбинии онҳо кай меояд, аммо дар сари вай ягона фикр ин буд, ки кай шавҳараш мемурад ва вай мурдаи ӯро мебарад.

Дар сарам ҳамеша фикри ҳарчӣ зудтар мурдани Дамир буд. Танҳо он вақ ман метавонистам баргардам”, – мегӯяд Алиса.

Мувофиқшавӣ барои Алиса дар Покистон бисёр мушкил буд.

Международные авиа грузоперевозки

Ту дар назди онҳо ҳеҷ кас нестӣ, рост ист, овозатро набарор ва агар ба хона марди бегона биёяд, худат як тараф истад, ҳатто попӯшии туро набояд бинад”, – мегӯяд Алиса.

Рости онҳо аз дин ҳам дур буданд. Яке аз ҳамсоязанҳо нақл карда будааст, ки ду марди ҳамҷинсгароро, ки дар дохили мадраса ин амалҳои нопокро анҷом медодаанд, ба дор овехтаанд.

Дар ҷавоб ба саволҳои Алиса дар ин бора шавҳараш мегуфтааст, ки гунаҳкорон дар ҳама ҷо ҳастанд.

Сабаби асосии ин гуна амалҳо ба фикрам дар урфу одати онҳо не, балки дар мушкилоти иқтисодӣ буд, илова кардааст вай. Ҷавонони маҳаллӣ дар бисёр мавридҳо наметавонанд қалини духтарро диҳанд ва ӯро ба занӣ гиранд. Аз ин сабаб ба ҳамҷинсгароӣ даст мезананд.

Гуреза шудани ҷангҷӯёни Толибон

Ҳаёти Алиса моҳи июни соли 2014 тамоман тағйр ёфт. Мақомоти Покистон дар Вазиристон амалиёти низомӣ гузарониданд ва оилаи Алиса ҳамроҳи дигарон ба ноҳияи ҳамсоя Шавол рафтанд. То ин дам Алиса боз як кӯдаки дигар таваллуд карда буд.

Ба он ҷо рафта дар хаймаи саҳроӣ зиндагиро оғоз карданд. Бо фарорасиии фасли тирамоҳ дар ин маҳали кӯҳӣ хунукии сахт омад. Алиса фикр мекард шавҳараш ин сахтиҳоро дида, аз раъяш бармегардад, аммо бефоида. Дар ин дунё ҳар қадар азоб кашӣ дар биҳишт ҳамон қадар роҳат мебинӣ, мегуфтааст Дамир.

Маблағҳояшон ҳам тамом шуданд. Дамир ҳамаи маблағҳоро ба ҷамъияти умумии Толибон дода буд ва онҳо дар ивази ин ба онҳо хӯрок медоданд. Ғизои онҳо аз орду равғану биринҷ ва каме мева иборат будааст.

Аз ҳама ҳайратовар сатҳи хадамоти тиббии онҳо будааст. Боре писари онҳо Иброҳим афтодаст ва дасташ шикастаст, табибони онҳо бошанд ба дасти ӯ марҳам барои сӯхтагиро мемолиданд ва чанде пас дасташро танҳо як духтури ҳайвон аз қишлоқи ҳамсоя бастааст.

Моҳи феврали соли 2015 низомиён ба Шавал расиданд, Дамир бо оилааш ба Зобули Афғонистон гурехтанд.

Вақти ба хона баргаштан расид

Бо мурдани Дамир, Алиса он қадар ғамгин нашуд, чунки бо ин роҳ вай имкони баргаштан ба даст оварда буд. Задухӯрд миёни гоҳ худи Толибони маҳаллӣ ва гоҳ Толибон бо гуруҳҳои ДОИШ вазъиятро ба ин ҳолат расонда буд.

Читайте также  Беҳтарин шиносномаи дунё: шаҳрвандони АМА бе доштани раводид дунёро чарх мезананд

Ҷаҳанами асосӣ оғоз шуд. Ҳамаи оилаҳоро дар як хона ҷо карданд ва 20 шабонарӯз онҳоро нигоҳ доштанд.

Як зани азимҷусса буд, ӯро “боксёр” мегуфтанд, вай ҳеч касро баромадан намегузошт. Дар як рӯз ду маротиба ҳоҷатхона рафтан мумкин буд. Хӯрок ва нушокӣ намерасид. Ҳаққи худамонро ба кӯдакон медодем”, – ёдовар мешавад Алиса.

Боре ба ин хона ду зани интиҳорӣ бо асбобҳои махсуси тарканда  дар миёнҳояшон даромаданд ва гуфтанд, ки агар душман ба деҳа ворид шавад онҳо ҳамаро метарконанд, то ки асир наафтанд. Хушбахтона ҳамааш паси сар шуд. 

Даҳшат ба анҷом расид ва Алиса гӯшворҳои тиллояшро фурӯхта телефон харид, то ки ба волидонаш аз омаданаш хабар диҳад.

Баъди марги Дамир яке аз мардони он ҷо хост Алисаро зани дуюм кунад, аммо зани якуми ӯ аз ин кор огоҳ шуда ба вай пул додааст, то ки ӯ тезтар онҷоро тарк кунад. Аммо хабари рафтани зани ҷангҷӯи гуруҳи Толибон ба гӯши калонони ин гуруҳи даҳшатафкан расидаст ва онҳо ба ӯ иҷозати баромадан надодаанд, то ки сирҳояшон набароянд.

Ба назди Алиса як зан аз ҷамъияти тоҷикони онҷо омада гуфтааст, ки як ҷавони тотор туро ҷустуҷӯ дорад. Вақте, ки маълум шудааст ин мард низ мақсади давом додани ҷанг дар сафи Толибонро надоштаст ва мехостааст бо ӯ ақди никоҳ баста ба Русия раванд.

Кор болои хатоҳо

Онҳо никоҳ карда, якҷоя зиндагӣ кардан гирифтанд. Аз онҳо як фарзанд ба дунё омадаст. Баъди семоҳагии кӯдак хостанд ба Русия гурезанд. Мутаассифона пои пиёда ба деҳае, ки таҳти роҳбарии Толибон қарор доштааст, расидаанд.

Ҷангҷӯён аз онҳо иҷозатнома пурсиданд ва то пайдо кардани ин иҷозатнома онҳоро зиндонӣ карданд. Онҳоро собиқ қумандони ҷангҷӯи тотор озод кардааст. Онҳоро аз зиндон озод карданд, аммо аз деҳа баромадан иҷозат надодаанд.

Онҳо дар он ҷо ба табибӣ машғул шуда, пул кор карданд. Шавҳар духтури дандон, зан момодоя.

Чанде пас Алисаро ҷавоб додаанд, аммо шавҳари дуюмаш Дмитрийро не. Вай бо машаққатҳои зиёд ба Ҷалолообод ва аз он ҷо ба Кобул расидааст ва зери ҳимояи консулгарии Русия қарор гирифтааст.

Машаққатҳои зиёд ӯро ба Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Кобул расонданд. Дар муқоиса бо оғилхонаи Покистон паноҳгоҳи “дуҳуҷрагӣ” дар Кобул барояш мисли бӯстонсаро аст.

Ҳамин тариқ воқеаҳои 7-солаи ҳаёташро Алися ҳамчун як хоби даҳшатнок ба ёд меорад.

Вай худаш намедонад, ӯро чӣ интизор аст. Ба зани ҷангҷӯи гуруҳи Толибон албатта саволҳои зиёд пайдо хоҳанд шуд.

Аммо вай умедвор аст, ки мақомоти Русия ақалан барои баргардонидани фарзандони ӯ ба зиндагии муқаррарӣ, ки Толибон аз ин имконият онҳоро маҳрум намуда буданд, кӯмак хоҳанд кард.